Июл 19, 2017 09:33 Asia/Dushanbe
  • Абдуфаттоҳи Ғоиб сабаби коҳиши пардохтҳои гумрукиро шарҳ дод

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз коҳиши пардохтҳои гумрукӣ ба будҷаи давлатӣ дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сайти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нимаи нахусти имсол як миллиарду 964 миллион сомонӣ дар қолаби пардохтҳои гумрукӣ ба ҳисоби будҷаи давлат ворез шуд, ки 197 миллион сомонӣ камтар аз давраи мушобеҳи порсол аст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби коҳиши пардохтҳои гумрукӣ ба будҷаи давлатиро кам шудани ҳаҷми воридот ном бурдааст.

Ба гуфтаи вай, дар шаш моҳи нахусти имсол арзиши воридот ба Тоҷикистон як миллиарду 246 миллион доллар будааст, ки 17 дарсад коҳиш ёфтааст.

Раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон таъкид кардааст, ки афзоиши тавлиди бархе молу маҳсулот монанди фарш, семент ва анвои масолеҳи сохтмонӣ дар дохили кишвар боиси коҳиши воридот ва пардохтҳои гумрукӣ ва касри бахши даромади будҷа дар ин муддат шудааст.

Аз дидгоҳи Абдуфаттоҳи Ғоиб коҳиши даромади ирсолии муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ аз Русия низ тавони хариди хонаводаҳои онҳоро коҳиш дода ва дар коҳиши тақозо барои воридоти маҳсулот муассир будааст.

 Хадамоти гумруки Тоҷикистон соли 2016 низ барномаи пардохтҳои гумрукӣ ба будҷаи давлатро то 89 дарсад иҷро кард ва бахши даромади будҷаи давлат бо камбуди 40 миллиондолларӣ рӯбарӯ шуд.