Июл 22, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Таби хунини Конго сабаби эҳтимолии марги се сокини Хатлон

Мақомоти тандурустии вилояти Хатлон иллати эҳтимолии марги 3 нафар аз аҳолии ин минтақаро ибтило ба таби хунин (лихорадка)-и қримии Конго эълом кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП.тҷ”, ахиран дар пайи марги як сокини ноҳияи Қубодиён ва 2 сокини ноҳияи Ҷайҳун, дар ҷануби Тоҷикистон мақомоти тандурустии вилояти Хатлон аз эҳтимоли фавти ин афрод бар асари таби хунини қримии Конго ибрози нигаронӣ кардаанд.

 Сафар Хӯҷаёров, коршиноси идораи тандурустӣ ва дармони ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки озмоишҳо нишон медиҳад сокини 35 -солаи ин минтақа бар асари таби қримии Конго ва дер муроҷиа кардан ба бемористон ҷони худро аз даст додааст.

Соли гузашта низ як сокини ноҳияи Қубодиён бар асари ин беморӣ ҷон бохт.

Хӯҷаёров афзуд, бо ин ҳол дар мавриди иллати фавти ду сокини ноҳияи Ҷайҳун мақомоти тандурустӣ ҳанӯз натоиҷи ташхиси пизишки қонуни (судмедэкпертиза)-ро эълом накардаанд ва эҳтимол дорад, ки ин ду тан низ бар асари таби қримии Конго ҷони худро аз даст дода бошанд.

 Таби хунрезидиҳандаи вирусии қримии Конго (CCHF) аз бемориҳои муштарак байн инсон ва ҳайвонот ба шумор меравад.

Ин беморӣ, ки решаи ҳайвонӣ дорад, дар бештари ҳолат аз тариқи кана, масрафи гӯшти олуда ё иртибот бо шахси олуда мунтақил мешавад.

Шаш моҳи аввали сол ва гармои ҳаво шароити муносиберо барои рушди вируси ин беморӣ фароҳам мекунад.