Июл 23, 2017 08:48 Asia/Dushanbe
  • Роҳкорҳои ҷазби гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон

    Аксари масъулини ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки бо вуҷуди осониҳои дода шуда, тайи солҳои ахир ба ин марокиз барои ҷазби бештари сиёҳони хориҷӣ, ҳанӯз ҳам монеаҳои зиёде мӯҷиби рушд накардани ин бахш мегардад.

    Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Топ Тҷ, Маҷмаъи ҷаҳонӣ иқтисод эълом кардааст, ки Тоҷикистон аз нигоҳи суръати рушди ҷазби гардишгарони хориҷӣ бо беш аз панҷ дарсад рушд дар соли 2016, ҷойгоҳи хешро аз рутбаи 119 дар соли 2015 ба 107 дар соли 2016 боло бурд.

    Бар ин асос, дар соли 2016 беш аз 413 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки ба буҷаи давлати ин кишвар миллионҳо доллар вориз шудааст. Аммо Умеда Қурбонбекова, мудири яке аз ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон, ки беш аз 15 сол аст дар ин бахш фаъолият мекунад, мушкили дарёфти визо, набуди масирҳои арзони ҳавоӣ, надоштани роҳи муносиб дар манотиқи кӯҳистонӣ ва меҳмонхонаҳоро аз мавонеъи рушди ин бахш медонад. Вай мегӯяд, ки Тоҷикистон на дар ҳамаи кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ сафорат ва консулгарӣ дорад ва нархи билети ҳавопаймо дар ду ширкати “Тоҷик Эйр” ва “СомонЭйр” бениҳоят боло мебошад. Аз ин рӯ, соддасозии раванди дарёфти раводид, арзон кардани нархи билети ҳавопаймо, сохти роҳ ва меҳмонхонаҳои муносиб дар манотиқи кӯҳистонӣ ва омӯзиши кормандони ширкатҳои гардишгарӣ, метавонад мӯҷиби ҷазби теъдоди бештари сиёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон гардад.

   Зеро дар ин кишвар дарёчаи мунҳасир ба фард Сарез ва кӯҳистонҳои Бадахшон, маҷмӯаи зебои Ҳафткӯл ва Искандаркул, шаҳри бостонии Сарзм дар водии Зарфишон, қалъаҳои таърихии Хуҷанд, Ҳисор ва Ҳулбук аз маконҳои ҷаззоб барои гардишгарони хориҷӣ ба ҳисоб меояд.