Июл 23, 2017 10:48 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017»

    Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» дар Душанбе, мол ва маҳсулоти беш аз 10 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта мешавад.

  Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, беш аз 10 кишвари ҷаҳон,аз ҷумла  Тоҷикистон, Афғонистон, Русия, Чин, Эрон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Беларус, Полша ва Амороти Муттаҳидаи Араб колоҳо ва маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» ба намоиш мегузоранд.

   Корхонаҳо ва ширкатҳои тавлидии ин 10 кишвар дар Намоишгоҳи «Тоҷикистон-2017» коло ва хадамоти худро дар бахшҳои энержӣ, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нақлёт, фаровардаҳои нафтӣ, маъдан, саноати ғизоӣ ва дорусозӣ, бастабандӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» ба боздидкунандагон арза хоҳанд кард.

   Ин намоишгоҳ бо ибтикори утоқи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон ва бо ҳамкории дигар созмонҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дохилӣ ва хориҷӣ, рӯзҳои 27-29 июл дар Кохи Борбад дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

   Рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, иштиғолофаринӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар заминаи ташкили корхонаҳои муштарак, воридоти фанноварӣ ва таҷҳизоти модерн, иртиқои зарфияти содироти кишвар ва табодули таҷрибаҳо аз аҳдофи асосии Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» унвон шудааст.