Гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев дар зиндон
Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горд миллӣ ва раиси пешини Оҷонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, ки аз соли 2006 дар боздоштгоҳи муваққат басар мебарад, гуруснанишинӣ кардааст.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, Ғаффор Мирзоев аз соли 2006 ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва давраи маҳкумияти худро дар боздоштгоҳи муваққат мегузоранад.
Ба гуфтаи Оиша Мирзоева хоҳари Ғаффор Мирзоев, бародараш дар эътироз ба баррасӣ нашудани дархосташ дар бораи таҷдиди назар дар ҳукми маҳкумияти худ, даст ба гуруснанишинӣ задааст.
Қаблан Ғаффор Мирзоев бо танзими дархосте аз Озода Раҳмон, раиси дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хоста буд, барои баррасии дубораи ҳукми зиндони абади вай ҳамкорӣ кунад, аммо дар ин замина ҳеҷ иқдоме аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон сурат нагирифт.
Генерал Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 ба иттиҳоми талош барои кудато, қочоқи силоҳ ва сӯиистифода аз симмати давлатӣ боздошт ва ду сол баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Аз он замон то кунун дар Тоҷикистон 3 бор афви умумӣ эълом шуда, ки бар асоси он, ҳазорон нафар аз зиндон озод шудаанд ва муддати маҳкумияти бисёре афрод низ коҳиш ёфта, аммо ҳеҷ як аз ин қавонини афви умумӣ шомили Ғаффор Мирзоев нашудааст.