Боздошти як пиразан ба иттиҳоми қаллобӣ дар Турсунзода
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20672-Боздошти_як_пиразан_ба_иттиҳоми_қаллобӣ_дар_Турсунзода
Мақомоти интизомии шаҳри Турсунзода як пиразани сокини ин шаҳрро ба иттиҳоми тақаллуби аснод боздошт кардаанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 28, 2017 15:19 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як пиразан ба иттиҳоми қаллобӣ дар Турсунзода

Мақомоти интизомии шаҳри Турсунзода як пиразани сокини ин шаҳрро ба иттиҳоми тақаллуби аснод боздошт кардаанд.

Ба гузориши сойти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин зан соли 2015 бо гирифтани 350 доллар аз яке аз муаллимони ҳамин шаҳр барои ӯ дипломи қалбакӣ таҳия кардааст. Пулис дар пайи таҳқиқоту бозҷӯии ин зан ӯро ба иттиҳоми омода кардани мадорики таҳсилии қалбакӣ дастгир кардааст. Таҳқиқоти пулис дар ин замина идома дорад.