Тоҷикистон 10 ҳазор зиндонӣ дорад
Июл 28, 2017 17:53 Asia/Dushanbe
Вазорати адлияи Тоҷикистон шумори зиндониёни ин кишварро каме беш аз 10 ҳазор нафар эълом кард.
Ҳаким Мирсаидзод, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин 10 ҳазор нафар, ки бо ҷурмҳои гуногун боздошт шудаанд, 237 нафар занон ва 39 нафари онҳо ноболиғ ҳастанд. Мирсаидзод афзуд, дар зиндонҳои Тоҷикистон 1 548 нафар узви гурӯҳҳои ифротӣ, 239 нафар узви гурӯҳҳои ҷиноӣ ва 353 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, 80 зиндонӣ дар Тоҷикистон маҳкум ба ҳабси абад аст.
Муовини аввали вазири адлияи Тоҷкистон тасреҳ кард, то кунун 27 мавриди марги табиӣ миёни зиндониёни ин кишвар рӯй дода, ки иллати бештари ин фавтҳо бемории шӯш будааст.