Тавофуқномаи даъват ба кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия омода мешавад
(last modified Sat, 29 Jul 2017 05:53:41 GMT )
Июл 29, 2017 10:53 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи даъват ба кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия омода мешавад

Намояндаи Вазорати кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав аз талоши Тоҷикистон ва Русия барои осон кардани корёбии муҳоҷирони тоҷик дар Русия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Иброҳим Аҳмадов,  намояндаи Вазорати кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт: Як тавофуқномаи байнидавлатӣ дар робита бо даъвати шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия дар ҳоли омода шудан аст, ки ба сохторҳои ҳуқуқӣ имкони фиристодани гурӯҳҳои муҳоҷирони кориро бар асоси шартнома ба Русия хоҳад дод.

Иброҳим Аҳмадов афзуд: Бар асоси ин тавофуқнома корфармоёни рус дархости худро ба Вазорати кори Русия ирсол мекунанд ва ин дархост пас аз баррасӣ ба Душанбе фиристода мешавад то неруҳои моҳир ва мутахассис ба кор даъват ва бо имзои қарордоди корӣ озими Русия шаванд.

Намояндаи Вазорати кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт: Ҳамакнун гурӯҳи кории вобаста ба масоили муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳоли такмил ва ислоҳи ин тарҳ аст ва идораи муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Русия низ машғули таҳияи аснод ва мадорики ин барнома аст. Ин тарҳ пас аз имзои тавофуқнома ба таври комил иҷро хоҳад шуд.

Мақомоти расмӣ дар Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистониро, ки дорои муҷаввизи кор дар ин кишвар ҳастанд, як миллион нафар эълом мекунанд.

Аммо созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ мегӯянд, ки бо муҳосибаи коргарони бидуни муҷаввиз дар Русия, теъдод ин афрод беш аз 2 миллион нафар аст.

Ахиран бар асоси тавофуқномаи байнидавлатии Русия ва Узбакистон беш аз 600 муҳоҷири узбакистонӣ вориди бозори кори Русия шуданд.