13 сол зиндон барои парастори Гулмурод Ҳалимов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20960-13_сол_зиндон_барои_парастори_Гулмурод_Ҳалимов
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар амали ҷарроҳии сарҳанг (полковник)-и фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 02, 2017 05:25 Asia/Dushanbe
  • 13 сол зиндон барои парастори Гулмурод Ҳалимов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар амали ҷарроҳии сарҳанг (полковник)-и фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Муҳаммад Муҳаммадиев, сокини 26- солаи маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе дар моҳи июни соли 2015 дар Дайр-уз-Зӯри Сурия бо ҳамкории як пизишки олмонӣ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини полиси вижа (ОМОН)-и Вазорати дохилии Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастааст, ҷарроҳӣ ва муддате аз вай парасторӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммад Муҳаммадиев муддате донишҷӯи риштаи парасторӣ дар омӯзишгоҳи пизишкии шаҳри Душанбе будааст ва дар соли 2014 барои кор ба Русия рафта ва таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳи террористии ДИИШ тасмим ба пайвастан ба ин созмон гирифтааст.

Вай охирҳои соли 2014 ба манзури пайвастан ба сафи ДИИШ ба Туркия ва аз ин кишвар вориди Сурия шудааст.

Муҳаммад Муҳаммадиев дар даргириҳои минтақаи Манбеҷи Сурия аз сӯи нерӯҳои Туркия дар соли 2016 боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 42- сола, фармондеҳи пешини Нерӯи вижа (ОМОН)-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон охирҳои апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.