Август 03, 2017 09:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори коршиноси сиёсӣ дар бораи вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба Чин

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки вобастагии фазояндаи ин кишвар ба вомҳо ва эътибороти молии Чин, дар оянда барои ин ҷумҳурӣ хатарсоз хоҳад буд.

   Ба гузориши сойти “Cabar.Asia” , Хурсанд Хуррамов гуфтааст , ки Чин танҳо дар зоҳир ҳадаф аз густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистонро иқтисодӣ унвон мекунад, аммо вобастагии фазояндаи иқтисодӣ ба Чин дар баландмуддат мӯҷиб мешавад, ки Душанбе дар тасмимгириҳои сиёсии худ низ аз Пекин табаият кунад.

  Хуррамов афзуд, қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол ба ду миллиарду 300 миллион доллар расида, ки як миллиарду 200 миллион доллари он, саҳми молии давлати Чин аст.

  Ба гуфтаи ин коршиноси сиёсӣ, ҳамчунин танҳо дар се моҳи нахусти имсол Чин дар иқтисоди Тоҷикистон 76 миллиону 600 ҳазор доллар сармоягузорӣ карда, ки наздик ба 53 дарсад аз маҷмуи сармояи ҷазб шудаи хориҷӣ дар ин кишвар аст.

  Хуррамов гуфт, Чин дар солҳои ахир бо афзоиши сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва ихтисоси вомҳои камбаҳра ба ин кишвар талош мекунад, ки ваҷҳи фарҳангӣ ва иҷтимоии худ дар миёни тоҷиконро беҳбуд бахшад.

  Вай ёдовар шуд, ки акнун дар донишгоҳҳои давлатии Душанбе ва Хуҷанд давраҳои омӯзиши забони чинӣ ва ошноӣ бо андешаҳои “Конфутсий” барпо шуда ва теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чин, низ дар ҳоли афзоиш аст.

 Ба гуфтаи Хуррамов, давлати Чин ба таври умда ба истифода аз манобеи тилло ва филизоти рангии Тоҷикистон, таваҷҷӯҳ нишон медиҳад ва бештари корхонаҳои тавлиди тилло дар ин кишвар бо сармоягузории бонкҳо ва мушорикати мутахассисон чинӣ фаъолият мекунад.