Қимати барқ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21042-Қимати_барқ_дар_Тоҷикистон_афзоиш_меёбад
Ширкати Барқи тоҷик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод додааст, ки қимати барқ дар ин кишвар афзоиш ёбад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 03, 2017 07:04 Asia/Dushanbe
  • Қимати барқ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

Ширкати Барқи тоҷик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод додааст, ки қимати барқ дар ин кишвар афзоиш ёбад.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, Мирзо Исмоилзода раиси ширкати Барқи тоҷик дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст: Барои ҳифзи короии имконоти тавлиди барқ ва низ хидматрасонӣ ба масрафкунандагон, ширкати Барқи тоҷик ба афзоиши қимати барқ ниёз дорад.

Исмоилзода бидуни ишора ба рақами қимати пешниҳодии ҷадид афзуд: Дар таъйини қиматҳои ҷадиди барқ ҳатман ба шароити иҷтимоии мардум ва вазъи иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ хоҳад шуд.

Дар ҳафт соли ахир қимати неруи барқ дар Тоҷикистон чандин бор афзоиш ёфта ва аз 6 дирам барои ҳар киловатт барои аҳолӣ дар соли 2009 то 14.65 дирам дар ҳоли ҳозир расидааст.

Дар ҳамин ҳол ширкати Барқи тоҷик эълом кард: Тавлиди барқ дар шаш моҳи гузашта дар Тоҷикистон 645,3 миллион киловатт-соат афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш дар шаш моҳи нахуст имсол дар Тоҷикистон 7 миллиарду 736 миллион киловатт-соат барқ тавлид шудааст.

Дар ин муддат неругоҳҳои оби Тоҷикистон 7 миллиарду 301 миллион, неругоҳҳои ҳароратӣ беш аз 8 миллион ва неругоҳҳои хурд беш аз 9 миллион киловатт-соат барқ тавлид кардаанд.

Дар пайи роҳандозии дувумин бахши неругоҳи ҳароратии 300-мегаваттии "Душанбе-2", ин ниругоҳ дар шаш моҳ 431,8 миллион киловатт-соат барқ тавлид карда, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 288,3 миллион киловатт-соат афзоиши тавлиди барқ доштааст.