Ду узви ДИИШ: Гулмурод Ҳалимов зинда аст
(last modified 2017-08-05T08:05:51+00:00 )
Август 05, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Ду узви ДИИШ: Гулмурод Ҳалимов зинда аст

Дар ҳоле ки дар як соли ахир хабари ба ҳалокат расидани Гулмурод Ҳалимов ду бор аз манобеи мухталиф мунташир шуд, ду узви аршади ДИИШ бо интишори ду навори савтӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кардаанд, Гулмурод Ҳалимов, сарҳанг (полковник)-и фирории тоҷик зинда аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Парвиз Сайидраҳмонов ва Тоҷиддин Назаров - ду узви тоҷики ДИИШ, мулаққаб ба Абудовуд ва Абуасомаи Норакӣ бо интишори ду навори савтӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кардаанд, хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик дурӯғ аст.

Ин наворҳо 23-юми июл ва севуми август дар сафҳаи марбут ба аъзои тоҷики ДИИШ мунташир шудааст.

 Ба назар мерасад, ки ин ду навор пас аз суқути Мавсили Ироқ дар миёнаҳои моҳи июл сабт шудааст.

Ин 2 узви ДИИШ низ дар ин наворҳо суқути Мавсилро таъйид мекунанд, аммо онро поёни фаъолияти ин гурӯҳ намедонанд.

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳам дар нишастҳои хабарии моҳи июл хабари кушта шудани Ҳалимовро таъйид накарданд.

 

Барчасп