Август 12, 2016 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ғурфаи китоби Эрон дар Тоҷикистон

Ғурфаи китобҳои форсии мавсум ба "Наврӯз" дар маҳалли Фурӯшгоҳи китоби шаҳри Душанбе рӯнамоӣ шуд.

Ғурфаи китобҳои форсии "Наврӯз" бо ҳузури сафир ва ройзани фарҳангии Эрон ва теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз аҳолии фарҳангии Тоҷикистон дар маҳалли Фурӯшгоҳи китоби шаҳри Душанбе рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон зимни ширкат дар ин маросим иштирокоти фарҳангии ду кишвари форсизабон дар ҳавзаи фарҳангро гиромӣ ва қобили эътино унвон кард ва гуфт: "Умедворам, ки ҳамкориҳо ва иртиботот дар ин замина боз ҳам васеътар шуда ва дар оянда шоҳиди занҷирае аз чунин амокини китобфурӯшӣ бошем".

Сафири Эрон таъкид кард: "Талош дорем то дар "Шаҳри китоб"-и Эрон низ ғурфаи Тоҷикистон эҷод карда шавад то аз ин тариқ тозаҳои нашри ин ҷо ҳам ба сурати тамоми вақт дар тӯли сол дар Эрон ба намоиш гузошта шаванд".

Мирзо Муллоаҳмад, раиси ҷамъияти Дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, ки дар ин маросим ҳузур дошт, бо баёни ин ки нахустин гоми Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон баъд аз шурӯи фаъолият дар Тоҷикистон ифтитоҳи амокини китобфурӯшӣ буд, афзуд: "Хушҳолам, ки ин суннат то ба ҳол идома дорад ва табодули китоб байни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон дар ҳоли афзоиш аст".

Теъдоди китобҳое ки дар ғурфаи китобфурӯшии "Наврӯз" ба фурӯш гузошта шудаанд, 3 ҳазор ҷилд аз тозаҳои интишороти "Мероси мактуб", "Донишгоҳи Теҳрон", "Сухан", "Амир Кабир", "Фарҳанги муосир" ва "Оҳанги қалам" мебошанд, ки ба риштаҳои мухталифи физика, кимиё, фалсафа, ҳуқуқ, иқтисод, сиёсат, фарҳанг ва ҳунар тааллуқ доранд.

 

Барчасп