Август 08, 2017 10:17 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти барқ дар Тоҷикистон фақат бо пешпардохт

Давлати Тоҷикистон ба вазорати энергетика ва захираҳои оби ин кишвар дастур додааст, ки муқаррароти ҷадиди пардохти пули барқи масрафиро эъмол намояд.

Ба нақл аз Ка-Ниюз, бар асоси ин муқаррарот, муштаракони барқ муваззаф мешаванд, ки дар оғози ҳар моҳ ҳазинаи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ворез намоянд ва интиқоли барқ ба манозили маскунӣ танҳо бо доштани корти вижаи шоржшуда имконпазир хоҳад шуд .

Дар ин муқаррарот таъкид шудааст, ки дар сурати бадҳисобии муштаракон ва мушоҳидаи қарзи онон, интиқоли барқ ба ин афрод қатъ хоҳад шуд .

Барои ин манзур, маркази воҳиди мудирияти кортҳои ҳушманди интиқоли барқ таъсис мешавад, ки дар сурати пардохт накардани пешакии маблағу ё қарз ба қатъи автоматии барқ ба муштаракон иқдом мекунанд .

Нозир Ёдгорӣ, сухангуи Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки бар асоси муқаррароти ҷадиди пардохти ҳазинаи барқи масрафӣ ба шакли пешпардохт, ниёзе ба таъвизи шуморишгарҳои феълии барқ вуҷуд надорад ва корти ҳушманди шоржшуда интиқоли энержиро танзим хоҳад кард. Аммо дар сурати ворез накардани маблағи пешпардохт ба ҳисоби Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ва холӣ будани корти муштарӣ заминаи дарёфти барқ вуҷуд надорад .

Мақомоти Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” муддаиянд, ки мизони қарзи бахши хонагӣ дар Тоҷикистон бобати ҳазинаи барқи масрафӣ ба 789 миллион сомонӣ (беш аз 89 миллион доллар) мерасад. Аммо Анатолий Колесниченко, мутахассиси барқ, ки 40 сол дар бахши энержии Тоҷикистон фаъолият мекунад, муътақид аст, ки муқаррароти илзомӣ шудани пешпардохти ҳазинаи барқ, ба ақшори осебпазири ҷомеаи ин кишвар хисороти фаровоне ворид хоҳад кард .