Август 08, 2017 19:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкид ба иҷрои тавофуқномаи истирдоди зиндониёни Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистону Афғонистон бар иҷрои тавофуқномаи истирдоди зиндониёни ду кишвар таъкид карданд

Ба гузориши ИРНА, Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон ва Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар дидор бо якдигар дар Кобул эълом карданд, бар асоси мувофиқатномаи истирдоди зиндониёни байни ду кишвар, даҳҳо зиндонии тоҷику афғон ба кишваршон мунтақил мешаванд.

Соли 2010 тавофуқномаи байни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Афғонистон дар заминаи истирдоди зиндониёни ду кишвар ба имзо расида буд ва ин санади ҳуқуқӣ дар парлумонҳои ҳарду кишвар низ тасвиб шуд. Бар асоси иттилооти сафорати Афғонистон, ҳамакнун беш аз 90 зиндонии афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусанд, ки аксари онҳо ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз боздошт ва маҳкум шудаанд.

 

Барчасп