Баёнияи матбуотии сафорати Эрон дар Душанбе дар вокуниш ба иттиҳомзании аҷиби Тоҷикистон
(last modified Wed, 09 Aug 2017 15:47:17 GMT )
Август 09, 2017 20:47 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи матбуотии сафорати Эрон дар Душанбе дар вокуниш ба иттиҳомзании аҷиби Тоҷикистон

Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе зимни такзиби иддаоҳои беасоси матраҳшуда дар филми пахшшуда дар торихи 8 августи 2017 аз телевизиони Тоҷикистон ва ибрози таассуф аз он таъкид кард, чунин рафторҳое наметавонад дӯстии ду миллати Эрону Тоҷикистонро барҳам занад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар баёнияи матбуотии сафорати Эрон дар Душанбе, ки шомгоҳи чаҳоршанбе 9 август мунташир шуд, омадааст: Тардиде нест, ки таҳиякунандагони ин филми муваффақ ба тахриби пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии торихии ду миллати Эрону Тоҷикистон нахоҳанд шуд .

Ин баёния меафзояд: Иддаоҳои матраҳшуда дар филм аз сӯи эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касонест, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва билтабъ наметавонад эътиборе дошта бошад .

Дар баёнияи сафорати Эрон омадааст: Ҳофизаи торихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромуш нахоҳад кард, ки ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз бониён ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир, чи нақши созандае дар поён додан ба ҷангҳои дохилии ин кишвар дар даҳаи 90 ифо намуд .

Баёнияи сафорати Эрон дар Душанбе бо баршумурдани бархе аз иқдомоти Эрон барои тақвияти зерсохтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон аз ҷумла сохти нақби стратегии Анзоб, сарбанд ва нерӯгоҳи барқӣ-обии “Сангтӯда-2”, бемористони Ибни Сино, ироаи хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштии Ҳилоли Аҳмари Эрон ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпараст, тавассути Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (р), эҷоди марокизи варзишӣ, тармими биноҳои торихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марокизи донишгоҳӣ, кумак ба марокизи илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдоми аз ин навъ таъкид мекунад, ин иқдомоти Эрон мафҳуме ҷуз кумак ба таҳкими субот ва тавсеа ва кумак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷикистон ва истеҳкоми пояҳои давлати он надорад .

Сафорати Эрон дар Душанбе дар ин баёния афзудааст: Муборизаи Эрон бо терроризм барои ҳамагон ошкор аст ва Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни терроризм аст. Ин баёния ҳамчунин таъкид кардааст, пахши ин қабил филмҳои муғризона, баъд аз сафари ахири вазири энержӣ ва захоири обӣ ва раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон барои ширкат дар маросими таҳлифи раёсати муҳтарами ҷумҳурии исломии Эрон ба намояндагӣ аз раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки бархе гароишҳо ва маҳфилҳо таҳаммули оддӣ шудани равобит ва тақвияти дӯстии байни ду кишварро надоранд .

Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчуби хост ва манофеи ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносиботи бародаронаи Эрону Тоҷикистони ҳамфарҳангу ҳамзабонро барнаметобанд .

Сешанбе шаб шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон филме пахш кард, ки дар он иддао мешуд, Эрон аз қатлҳои занҷираии даҳаи 90 дар Тоҷикистон ҳимояти молӣ кардааст .