Август 10, 2017 10:18 Asia/Dushanbe
  • Вомҳои Чин беш аз 50 дарсади қарзи хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки қарзи хориҷии ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба 2 миллиарду 300 миллион доллар расидааст, ки бо 35. 8 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон баробар аст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Вазорати молияи Тоҷикистон гузориш дод, ин мизон қарзи хориҷӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 26 миллион доллар афзоишро нишон медиҳад.

Аз байни кишварҳо ва ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ Чин бо як миллиарду 217 миллиону 600 ҳазор доллар бештарин талабро аз Тоҷикистон дорад ва пас аз он Бонки ҷаҳонӣ бо 299 миллиону 900 ҳазор доллар, Бонки Рушди Осиё бо 227 миллиону 500 ҳазор доллар ва Бонки Рушди Исломӣ бо 111 миллиону 900 ҳазор доллар дар рутбаҳои баъдӣ қарор доранд.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Сандуқи Байналмилалии Пул 101 миллиону 100 ҳазор доллар, ба Сандуқи тавсеаи Арабистони Саудӣ 44 миллиону 900 ҳазор доллар, ба Сандуқи Рушди Кувайт 38 миллиону 700 ҳазор доллар ва ба ҳукумати Фаронса 24 миллион доллар қарздор аст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки аз соли 2015 то кунун қарзҳои худро ба Ҷумҳурии исломии Эрон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба таври комил пардохт кардааст.

Коршиносону иқтисоддонони тоҷик дарёфти вомҳои молии калон аз Чинро мояи вобаста шудани бештари Душанбе ба Пекин медонанд, аммо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба ин нигарониҳо гуфтааст, ки Чин бар хилофи ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳангоми ихтисоси вом ба ин кишвар шартҳои зиёде матраҳ намекунад.

Бо ин ҳол, ахиран бархе аз намояндагони порлумони Қирғизистон гуфтаанд, дар матни созшномаҳои молии ин кишвар бо Чин банди вижае вуҷуд дорад, ки ба маънии нодида гирифтани истиқлоли Қирғизистон аст. Зеро Пекин ихтисоси вомҳои молӣ ба Қирғизистонро ба мунсариф шудани ин кишвар аз ҳар навъ даъвову шикоят алайҳи Чин дар Додгоҳҳои байналмилалӣ машрут кардааст.