Иттиҳомоти воҳии телевизиони Тоҷикистон алайҳи Эрон
Барномаи ба истилоҳ мустанаде, ки аз телевизиони Тоҷикистон пахш шуд ва иттиҳомоти воҳӣ алайҳи Теҳронро матраҳ кард, сабаби судури баёнияи матбуотии сафорати Эрон дар Тоҷикистон шуд.
Пахши филме, ки дар он бо тарҳи иддаоҳои воҳӣ бар нақши Эрон дар буҳрони солҳои аввалияи истиқлоли Тоҷикистон таъкид дорад. Дар ин филм, илова бар изҳороти эътирофкунандагони маҳбус, сухан аз касоне нақл мешавад, ки дигар дар қайди ҳаёт нестанд ва ин мавзуъ бар ҷаълӣ будани иттилооти эътибори сенарияи аз пеш таҳияшудаи ин барномаи телевизионӣ таъкид мекунад. Воқеият он аст, ки дар дунёи сиёсати имрӯз, мардум ва афкори умумӣ беҳтарин қозӣ ва доварон дар бораи моҳият ва рафтори сиёсати хориҷии давлатҳову бозигарони арсаи байналмилалӣ ҳастанд, бавижа агар шавоҳид, мустанадот ва асноди торихии ғайри қобили инкор ва пешинаи амал ва рафтори давлатҳо дар зумраи ин аснод бошад. Ҳамон додгоҳе, ки ҳофизаи торихии мардум беҳтарин санаду гувоҳ барои қазоват дар бораи пропаганда ва таблиғоти фармоишӣ аст .
Дар баёнияи сафорати Эрон дар Душанбе низ ба дурустӣ ба ҳофизаи торихии мардуми Тоҷикистон аъм аз насли қадим ва насли ҷадид ишора шуда, ки ҳечгоҳ нақши Эронро дар ба сомон расондани яке аз душвортарин буҳронҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурии тозаистиқлол ёфта ва навпои Тоҷикистон дар чаҳорчуби марзҳои иттиҳоди Шӯравии собиқ фаромуш намекунад .
Дар воқеъ, нақши Эрон дар барқарории сулҳи миёни давлати вақт ва гурӯҳҳои мухолиф, ки шомили тайфи васее аз аҳзоби тоҷик мешуд, дар торихи таҳаввулоти Тоҷикистон сабт шудааст ва бо таҳияи барномаҳои суфоришии наметавон воқеияти торихи ин ҷумҳуриро тағйир дод. Эрон чи дар даврони ҷанги сахту шадиди ҷанги дохилӣ ва чи дар даврони созандагӣ дар Тоҷикистон ва иҷрои мафоди тавофуқномаи сулҳ, зомини ба сомон расондани ин ҷумҳурӣ буда ва ҳаст ва ин ҳамон нуктаест, ки бадхоҳони минтақаӣ ва фароминтақаии ду давлату миллати Эрону Тоҷикистон тоби таҳаммули онро надоранд. Лизо ба ҳар равишу баҳонае мухталиф қасди сард кардани муносиботи ду кишварро доранд .
Маҳофиле, ки дорои нуфузи каме дар ҷомеаи Тоҷикистон нестанд ва аз ҳамон бадви имзои тавофуқномаи сулҳ на фақат дар паи тахриби чеҳраҳо ва шахсиятҳои сиёсии ҷибҳаи мунтақидони давлат, ки дар паи тахрибу маҳви пайвандҳои фарҳангӣ ва торихӣ ва миллии миёни Эрону тоҷикҳо будаву ҳастанд. Афроде дар мактаби ниҳодҳои амниятии даврони иттиҳоди Шӯравӣ (КГБ), анвои сенариясозиро алайҳи ҷибҳаи мухолифони худ бо аҳдофи шинохташуда оғоз ва аз он баҳрабардорӣ карданд ва акнун ҳамон рӯйкарди шинохташударо дар Тоҷикистон ва бо ҳадафи тахриби муносиботи Душанбеву Теҳрон ва албатта сиёҳнамоии корномаи равшани Эрон дар торихи таҳаввулоти ин ҷумҳурӣ дар пеш гирифтаанд .
Бо чунин пешинае ва бо вуҷуди ҷомеаи равшангари Тоҷикистон, дигар ниёзе ба ёдоварии ин мавзуъ нест, ки Эрон чи нақше дар таҳаққуқи иҷрои барномаи тавсеаи зерсохтҳои Тоҷикистон назири сохти таъсисоти зербиноии нақби стратегии Истиқлол (Анзоб), сарбанд ва нерӯгоҳи барқӣ-обии “Сангтӯда-2”, сохти бемористони Ибни Сино доштааст ҳамонтавр, ки шояд ниёзе набошад, ироаи хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ тавассути Ҳилоли Аҳмар ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпарасти тоҷик тавассути Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (р), эҷоди марокизи варзишӣ, тармими биноҳои торихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марокизи донишгоҳӣ, кумак ба марокизи илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдоми азиӣн навъро дар азҳони мардуми тоҷик зинда кард .
Шавоҳиди воқеӣ ва ғайри қобили инкоре, ки дар баёнияи сафорати Эрон дар Тоҷикистон хеле мухтасар аз онҳо баунвони иқдомоти Теҳрон ҷиҳати кумак ба таҳкими субот, тавсеа ва кумак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷикистон ва истеҳкоми пояҳои давлати Тоҷикистон ба онҳо ишора шудааст .