Ҳоҷибобоӣ: Эрон расман ба чаҳорумин абарқудрати ҷаҳон табдил шудааст  
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124824-Ҳоҷибобоӣ_Эрон_расман_ба_чаҳорумин_абарқудрати_ҷаҳон_табдил_шудааст
Порс-Тудей. Ноибраиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо ташреҳи абъоди густурдаи ҷанги ахири низомӣ, шикасти нақшаҳои ҷудоихоҳонаи Амрико ва оғози фасли нави иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Сиёсати мо «на созиш ва на таслим; набард бо Амрикост».  
(last modified 2026-05-10T09:06:24+00:00 )
Май 10, 2026 13:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ, ноиби раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон  
    Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ, ноиби раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон  

Порс-Тудей. Ноибраиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо ташреҳи абъоди густурдаи ҷанги ахири низомӣ, шикасти нақшаҳои ҷудоихоҳонаи Амрико ва оғози фасли нави иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Сиёсати мо «на созиш ва на таслим; набард бо Амрикост».  

Ба гузориши Порс-Тудей, Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ бо ишора ба аҳдофи куллӣ ва бузурги Амрико аз ҷангҷӯӣ тасреҳ кард: Истикбори ҷаҳонӣ ба дунболи ҷудо кардани Эрон ба панҷ ё шаш кишваре буд, ки даргирии дохилӣ дошта бошанд, то бо эҷоди як сарзамини сӯхта роҳро барои тасаллути «Исроили бузург» бар тамоми минтақа, ҳатто Макка ва Мадина, ҳамвор кунад. Пажӯҳишгарони амрикоӣ пеш аз ҷанги 12 рӯза се далели асосӣ барои зарурати ҳамлаи фаврӣ ба Эрон пешниҳод карда буданд: Аввал тамаддуни ҳазорсола, дувум 1400 солаи Ислом ва саввум зеҳни болои мардуми Эрон. Онҳо медонистанд, ки агар дер биҷунбанд, Эрон бо як ҳаракат ба абарқудрати бечунучаро табдил мешавад.  

Вай афзуд: Пас аз ноумедӣ аз ошӯбҳои дохилӣ, Амрико бо ҳамроҳи 54 кишвар як ҷанги комили низомӣ алайҳи мо оғоз кард. Дар ин набард, бо такя ба Худованд ва ҳимоятҳои меҳвари муқовимат дар Ироқ, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Яман, собит кардем, ки истикбор тавони шикасти Эронро надорад. Имрӯз донишгоҳҳои муътабар, аз ҷумла Донишгоҳи Чикаго расман эълом мекунанд, ки Эрон яке аз чаҳор абарқудрати кунунии дунё ва як абарқудрати исломист.  

Ҳоҷибобоӣ дар бораи тавтеаи нави муҳосираи нафтӣ ва дарёӣ гуфт: Амрико қасд дошт бо ҷилавгирӣ аз интиқоли нафт моро таҳти фишор қарор диҳад, аммо мо бо боз кардани марзҳои 16 устони Эрон ин тавтеаро хунсо кардем. Дунё медонад, ки агар тангаи Ҳурмуз баста бимонад, дар камтар аз як моҳ буҳрони бузурги нафтӣ ва афзоиши шадиди қиматҳо домани Аврупо ва Амрикоро хоҳад гирифт.  

Вай пирӯзии қатъиро дар истодагӣ донист ва эълом кард: Амрикои ҷинояткор бояд дар маҷомеи байналмилалӣ ҳамаи муоҳидот, таҳримҳо ва қатъномаҳои золимонаи Шӯрои Амният ва ҳуқуқи башар алайҳи Эронро ботил кунад. Энержии ҳастаии мо ғайриқобили музокира аст ва Амрико бояд нерӯҳои худро барои ҳамеша аз минтақа хориҷ кунад.