Август 14, 2017 09:31 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тадриҷии нархи барқ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 нархи ҳар киловатт /соат барқ дар ин кишварро барои бахши хонагӣ ва санъатӣ ба тадриҷ афзоиш диҳад.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барномаи ҳукумати ин кишварро дар мавриди афзоиши тадриҷии нархи барқ мунташир кардааст, ки ин шохис то соли 2020 наздик ба 30 дарсад хоҳад буд.

Бар асоси ин барнома, нархи ҳар киловатт/соат барқ дар бахши хонагӣ имсол ҳафт дарсад, дар ду соли оянда ҳашт дарсад ва дар соли 2020 наздик ба 10 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт/соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ 14,6 дирам аст.

Ҳамчунин барои марокизи санъатӣ ва тавлидӣ нархи ҳар киловатт/соат барқ дар соли 2018 ба мизони 9/9 дарсад, дар соли 2019 ба андозаи 8/4 дарсад ва дар соли 2020 низ 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Барои Корхонаи алюминии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нархи ҳар киловатт/ соат барқ дар фасли тобистон 7/2 дирам ва дар замистон 11/8 дирам таъйин шудааст.

Масъулони ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мегӯянд, нархи тамом шудаи барқ дар нирӯгоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон ду дирам ва дар Марокизи ҳароратӣ 21 дирам аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран давлати Тоҷикистон ба Вазорати энержӣ ва захираҳои оби ин кишвар дастур додааст, ки муқаррароти ҷадиди пардохти пули барқи масрафиро ҷорӣ кунад.

Бар пояи ин муқаррарот, истифодабарандагони барқ муваззаф мешаванд дар оғози ҳар моҳ ҳазинаи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати давлатии “Барқи тоҷик” вариз кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо танҳо бо доштани корти дорои маблағ имконпазир хоҳад буд.

Коршиносони иқтисодӣ муътақиданд, теъдоди зиёде аз мардуми Тоҷикистон ба далели надоштани ҷои кори доим, ҳуқуқ ва дастмузди собит надоранд ва иҷрои равиши пешпардохти пули барқ, ононро аз дарёфти барқ маҳрум хоҳад кард.