Коҳиши 30 дарсадии воридоти мошин ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21730-Коҳиши_30_дарсадии_воридоти_мошин_ба_Тоҷикистон
Воридоти мошин ба Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 16, 2017 04:46 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 30 дарсадии воридоти мошин ба Тоҷикистон

Воридоти мошин ба Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сайти Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар ин муддат анвои мошинҳо дар маҷмӯъ ба арзиши 64 миллиону 200 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки ин рақам 28 миллиону 700 ҳазор доллар камтар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.

Коршиносон иллати аслии коҳиши воридоти худрав ба Тоҷикистонро дар шаш моҳи нахусти имсол кам будани тақозо дар бозори дохилии ин кишвар ном мебаранд.

Дар ин муддат ба Тоҷикистон 3 ҳазору 900 мошин ворид шудааст, ки аз ин теъдод танҳо 650 дастгоҳ ҷадид ва бақия дасти дувум аст.

Бар асоси қонунҳои гумруки Тоҷикистон, воридоти мошинҳои нав ба ин кишвар бо 50 дарсад тахфиф ҳамроҳ аст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки ба далели набуди тақозо дар бозори дохилии ин кишвар воридоти мошин ва анвои таҷҳизоти он коҳиш ёфта ва дар натиҷа 197 миллион сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба будҷаи давлати ин кишвар низ кам шудааст.