Амрико ҳушдори сафар ба Эронро тамдид кард
Август 16, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
Дар идомаи фазосозиҳои Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Вазорати хориҷаи Амрико бори дигар ба шаҳрвандони амрикоӣ дар мавриди сафар ба Эрон ҳушдор дод.
Дар баёнияе, ки рӯзи сешанбе аз сӯйи Вазорати хориҷаи Амрико мунташир шуд, иддао шудааст, дастгоҳҳои амниятии Эрон атбои амрикоиро боздошт мекунанд.
Ҳушдори сафар ба Эрон солҳост, ки аз сӯйи Амрико содир ва ҳар аз чанд гоҳе ин ҳушдор барӯз ва тамдид мешавад.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз гардишгарони ғарбӣ, аз ҷумла амрикоӣ бетафовут ба ин фазосозиҳои Вашингтон ба Эрон сафар ва аз ҷозибаҳои таърихӣ ва табиии Эрон дидан мекунанд.
Гардишгарони хориҷӣ ҳамвора аз меҳмоннавозии эрониён ва бархурди хуб бо онҳо қадрдонӣ кардаанд.
Барчасп