Август 17, 2017 20:48 Asia/Dushanbe
  • Норизоятии Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Панҷ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Панҷ дар ноҳияи марзии Ҷайҳун дар вилояти Хатлон, ибрози норизоятӣ кард.

Ба гузориши сойти иттилорасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дидор бо мақомот ва намояндагони мардуми ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, гуфт, аз соли 2009 аз ҳисоби буҷаи давлати Тоҷикистон барои сохти таъсисоти зербиноӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, 6 миллион сомонӣ ҳазина шуда, аммо боздеҳии ин сармоягузорӣ ночиз будааст.

Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, 14 ширкат сабти ном шудааст, ки бо ҳазинаи ҳафт миллион сомонӣ танҳо барои 100 нафар иштиғолзоӣ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин, ки дар шаш моҳи нахусти имсол дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ ҳеҷ навъ маҳсули санъатӣ тавлид нашуда ва кори сохту соз низ мушоҳида намешавад, ба шиддат интиқод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз аст, ки барои дидор бо мардум ва ифтитоҳи чанд тарҳи беҳдоштӣ, дармонӣ ва омӯзишӣ дар вилояти Хатлон басар мебарад.