Коргарони муҳоҷири тоҷик дар авлавияти дарёфти нафақи бознишастагӣ дар Русия нестанд
Бо вуҷуди эъломи мақомоти Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи ҳалли мавзуи дарёфти нафақи бознишастагӣ барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия дар соли 2018, Маскав ин хушбиниро рад кардааст.
Ба нақл аз Спутник, Александр Калинин, раиси Комиссияи муҳоҷирати шаҳрдории Маскав гуфтааст, ки то ин мавзуъ дар қиболи коргарони муҳоҷири кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳал нашавад, дар мавриди нафақи бознишастагии атбои Тоҷикистон сухан гуфтан зуд аст .
Ба гуфтаи Калинин, давлати Русия дар ҳоли ҳозир ин мавзуъро дар дасти баррасӣ дорад, аммо авлавият бо коргарони муҳоҷири кишварҳои Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон аст ва пас аз тасвиби созишнома дар бораи наҳваи пардохти нафақи бознишастагии ин афрод, навбат ба Тоҷикистон, ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нест, хоҳад расид .
Мақомоти вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати тавофуқи Маскаву Душанбе бар сари ин мавзуъ, беш аз 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ метавонанд аз Русия нафақаи бознишастагӣ дарёфт кунанд.
Албатта ин қонун, шомили он идда аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ хоҳад шуд, ки солҳои зиёде дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият кардаанд ва дорои суғуртаи таъмини иҷтимоӣ ҳастанд .
Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беш аз 20 сол фаъолият кардаанд ва бо вуҷуди пардохти андоз ва ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ наметавонанд аз дарёфти нафақаи бознишастагӣ аз ин кишвар бархурдор шаванд .