Август 22, 2017 18:36 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирати кориро қонунманд мекунанд

Сеул ва Душанбе дарсадади омода кардани тавофуқномае байнидавлатӣ барои қонунӣ кардани муҳоҷирати кории шаҳрвандони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, музокироти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар ин замина идома дорад ва дар сурати тавофуқ аз оғози соли 2018, муҳоҷирони тоҷик барои кор метавонанд ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кунанд .

Ҳеч саҳмияе барои муҳоҷирони кории тоҷик бар тибқи ин тавофуқнома вуҷуд надорад ва муҳоҷирон танҳо бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои ширкатҳои кореяӣ ба ин кишвар сафар хоҳанд кард .

Муҳоҷироне, ки ба Кореяи Ҷанубӣ сафар мекунанд, бояд дар Тоҷикистон як давраи омӯзишии 45 соатиро, ки шомили омӯзиши забони кореяӣ, торих ва фарҳанги ин кишвар аст, гузаронанд .

Тибқи гузоришҳои аввалия, маоши коргарони муҳоҷири тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз ду ҳазор доллар хоҳад буд ва маҳалли иқомати ононро корфармоён таъмин хоҳанд кард .

Дар ҳоли ҳозир, муҳоҷирони 16 кишвар аз ҷумла Қирғизистон ва Узбакистон чунин тавофуқномаеро бо Кореяи Ҷанубӣ  ба имзо расондаанд .

Токунун шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо визаи туристӣ ва ба таври ғайриқонунӣ ба Кореяи Ҷанубӣ  барои кор сафар мекарданд .

Мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон сабаб шудааст, то бахши бузурге аз ҷамъияти фаъоли ин кишвар барои ёфтани кор ба дигар кишварҳо ба хусус Русия сафар кунанд .