Август 23, 2017 09:37 Asia/Dushanbe
  • Шикояти навбатии вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев аз Нерӯи марзбонии Тоҷикистон

Вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, сарбози Нерӯи марзбонии Тоҷикистон, ки се соли пеш дар даврони хидмати сарбозӣ фалаҷ шуда буд, аз ҳукми Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе дар бораи муваккилаш ба додгоҳи олии ин кишвар шикоят кардааст.

Ба гузориши сайти “ТОП. Тҷ”, Гулчеҳра Холмуҳаммадова, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев гуфтааст, ки ҳукми Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе мабнӣ бар илзоми Нерӯи марзбонии Тоҷикистон ба пардохти 37 ҳазор сомонӣ ба муваккилаш бобати хисороти ҷисмонии ворида ба вай ва низ 4 ҳазор сомонӣ бобати зиёни маънавӣ ғайримунсифона аст.

Пас аз судури ин ҳукм фармондеҳии Нерӯи марзбонии Тоҷикистон эълом кард, ки танҳо бахше аз ин маблағро метавонад пардохт кунад ва бақияи ҳазинаи дармони Шаҳбол Мирзоев бояд аз сӯйи шахси латукӯбкунандаи вай Усмоналӣ Ғайратов, ки акнун даврони маҳкумияти 9 солаи худро дар зиндон мегузаронад, таъмин шавад.

Вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев муддаӣ аст, ки ба далели тӯлонӣ шудани раванди расидагӣ ба парвандаи ӯ ва афзоиши ҳазинаи дармони Шаҳбол Мирзоев акнун бояд Додгоҳи олии Тоҷикистон бо баррасии шикояти вай фармондеҳии Нерӯи марзбонии ин кишварро ба пардохти 180 ҳазор сомонӣ маҳкум кунад.

Шаҳбол Мирзоев, ки пас аз хатми донишгоҳ довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд, бар асари латукӯби сарбозони дигар дар моҳи марти соли 2014 ба шиддат маҷрӯҳу фалаҷ шуд.

Аз нигоҳи коршиносон моҷарои Шаҳбол Мирзоев баёнгари авзои нобасомони ахлоқиву иҷтимоӣ ва хушунат дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, ки дар се соли ахир мунҷар ба марги 9 сарбоз шудааст.