Се соли дигар ба 25 соли ҳукми қаблии Ёров изофа шуд
(last modified 2017-08-24T04:05:26+00:00 )
Август 24, 2017 09:05 Asia/Dushanbe
  • Се соли дигар ба 25 соли ҳукми қаблии Ёров изофа шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳоле се соли дигар ба 25 соли зиндони вакили мудофеи саршиноси тоҷик афзуд, ки намояндаи додситонӣ 17 сол зиндони изофӣ дархост карда буд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, наздикони Бузургмеҳр Ёров гуфтаанд, ки ҳукми ҷадиди вайро Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста ва дар Боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе бидуни ҳузури аъзои хонаводаву рӯзноманигорон эълом кардааст.

Бар асоси ҳукми ҷадид Бузургмеҳр Ёров ба иттиҳоми тавҳин ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се соли зиндон маҳкум шудааст ва акнун давраи маҳкумияти вай ба 28 сол расид.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи сеюми августи имсол муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки қаблан ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба иттиҳоми ҷадиди тавҳин ба раиси ҷумҳурӣ оғоз кард.

Намояндаи Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо матраҳ кардани иттиҳоми тавҳин ба шахсияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қаллобӣ, афзуда шудани 17 сол зиндонро ба 25 соли маҳкумияти қаблии Ёров талаб карда буд.

Аммо ба далели ин ки дар Тоҷикистон ҳукми абад 30 сол аст, додгоҳ се соли дигар ба 25 соли маҳкумияти қаблии Ёров изофа кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро ба иттиҳоми ифроти‌гарӣ, барангехтани ихтилофоти милливу динӣ, тавҳин ба раиси ҷумҳурӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карда буд.

Аммо додгоҳе дар Тоҷикистон 15-уми марти имсол дар пайи муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар ин кишвар фаъолияташ мамнуъ аст, ду соли дигар ба 23 соли ҳукми маҳкумияти қаблии ӯ изофа кард.