Чароғи сабзи парлумони Тоҷикистон ба тавофуқномаи ҳамкории Пекин – Душанбе
Парлумони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорие, ки аввали майи соли ҷорӣ миёни Вазорати иқтисод ва тиҷорати ин кишвар ва Вазорати тиҷорати Чин ба имзо расида будро, тасвиб кард.
Парлумони Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ, ки дар аввали майи соли ҷорӣ миёни Вазорати иқтисод ва тиҷорати ин кишвар ва Вазорати тиҷорати Чин дар мавриди проектҳои ҷадиди парлумон ва ҳукумати ин кишвар ба имзо расида будро тасвиб кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон дар ин робита гуфт, тасмими ниҳоӣ дар мавриди эътои кумакҳои молӣ барои бинои маҷлис ва ҳукуумати ин кишвар дар сафари қарибулвуқуи Эмомалӣ Раҳмон ба Чин гирифта хоҳад шуд.
Қарор аст, Чин барои сохти парлумони ҷадид Тоҷикистон 1.5 миллиард юан ҳудуди 230 миллион доллар ихтисос диҳад.
Интизор меравад, бинои ояндаи парлумон Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бино ҳукумат дар масоҳати 44 ҳазор метри мураббаъ эҳдос шаванд.
Бинобар иттилооте, ки дар парлумони Тоҷикистон ироа шуд, масъулияти интиқоли мошинолот, маҳсулоти сохтумонӣ ва мутахассисон бар ӯҳдаи тарафи чинӣ хоҳад буд.
Тоҷикистон низ муваззаф аст, тамоми таҷҳизот ва маҳсулоти сохтумонии чинӣ, ки барои эҳдоси ин сохтумонҳо ба ин кишвар мунтақил мешаванд аз аворизи гумрукӣ озод ва проекти сохтумонҳои мазкурро мутобиқ бо дархости мутахассисони чинӣ омода кунад.
Бинобар суханони раиси парлумони Тоҷикистон проекти сохтумонҳои мазкур то ба ҳол ба таври ниҳоӣ таъйид нашуданд.