Август 28, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Даъват ба таътилии марокизи омӯзишӣ дар рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Раиси бахши Бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар даъват кард, рӯзи аввали сентябр, рӯзи умуми миллии нофармонии маданӣ эълом шавад.

Алим Шерзамонов дар саҳфаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, рӯзи корӣ эълом шудани Иди Қурбон аз сӯи мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мардуми кишваре, ки 98 дарсади онҳо мусулмон ҳастанд, ҳаққи тазоҳуротро медиҳад.

Раиси бахши Бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз волидайни донишомӯзони макотиби миёна, олӣ ва марокизи омӯзишӣ даъват кардааст, фарзандони худро аз рафтан ба мадраса дар рӯзи Иди Қурбон, ки ҳамзамон бо аввали моҳи сентябр аст, боздоранд ва бо ин аксуламал, нофармонии худро аз дастури ғайриқонунии мақомоти Вазорати маориф ва илм кишвар нишон диҳанд.

Вай ҳамчунин аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кардааст, дар пиёдасозии ин кор саҳим бошанд.

Дар Тоҷикистон рӯзи аввали сентябри ҳар сол, рӯзи оғоз соли таҳсилии ҷадид дар марокизи омӯзишӣ аст.

Имсол ин рӯз бо рӯзи Иди Қурбон баробар шудааст, ки рӯзи таътилии умумӣ дар тақвими Тоҷикистон аст, бо ин ҳол мақомоти Вазорати маориф ва илми ин кишвар рӯзи аввали сентябрро рӯзи корӣ ва оғози соли таҳсилӣ эълом кардаанд.