Август 28, 2017 18:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳони баландпояи Артиши Покистон, Чин ва Афғонистон

Фармондеҳони ситодҳои марказии нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, Чин ва Афғонистон дар сафар ба Душанбе бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қамар Ҷовид Боҷвоҳ, фармондеҳи Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, Ли Зо Чан, фармондеҳи Артиши озодибахши Чин ва Муҳаммадшариф Яфтали, фармондеҳи Ситоди марказии Нерӯи мусаллаҳи артиши Афғонистон дар сафар ба Тоҷикистон ба таври ҷудогона бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ карданд.

 Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидори фармондеҳи Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Покистон таъкид кард, яке аз аҳдофи таомули Тоҷикистон бо ҳама кишварҳо, аз ҷумла Покистон кӯмак ва ширкати фаъол дар тасбит ва тақвияти амнияти байналмилалӣ ва минтақаӣ аст.

 Ду тараф дар ин дидор аз афзоиши сатҳи равобит миёни артиш, хадамоти вижа ва мақомоти интизомии Душанбе – Исломобод ибрози ризоят ва кӯмакҳои низомӣ ва фаннии Покистон барои тақвияти тавонмандии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидоти минтақаиро баррасӣ карданд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳи Артиши озодибахши Чин низ дар нишасти муштарак дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ- фаннии ду кишварро баррасӣ карданд.

 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар дидор бо фармондеҳи Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон тақвияти муносибот бо Кобулро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон унвон ва таъкид кард, Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо Афғонистонро тавсеа бахшад.

Дар ин дидор тарафайн бо таъкид бар аҳамияти эҷоди низоми ҳамкории чаҳорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ибрози итминон карданд, ки амалӣ шудани ин ибтикор омили муҳими таҳкими раванди сулҳ ва субот дар Афғонистон хоҳад буд.

 

Барчасп