Густариши ҳамкориҳои динии Душанбе ва Остона
(last modified Tue, 29 Aug 2017 14:40:07 GMT )
Август 29, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои динии Душанбе ва Остона

Ҳамкориҳои мазҳабии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон тайи амре Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи умури динӣ ва маросими миллии ин кишвар ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистонро таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои амре аз ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо Қазоқистон дар умури динӣ ҳимоят кард. Раҳмон дар ин амр Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи умури динӣ ва маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистонро таъйид кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи умури динӣ ва маросимҳои миллии ин кишварро муваззаф кард, санади ёдшударо бо мувофиқати ҳамтоёни қазоқи худ ба имзо расонад. Дар ин санад омадааст, ки Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба дар умури диниро тақвият карда, дар мавриди сиёсатҳои давлатӣ дар ҳавзаи дин табодули таҷриба мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистону Қазоқистон ахиран қавонин фаъолиятҳои динии худро сахтгиронатар кардаанд.