Созмони Миллал: Тоҷикистон иҷозаи издивоҷ бо хориҷиҳоро ба занон бидиҳад
(last modified 2017-08-30T06:39:10+00:00 )
Август 30, 2017 11:39 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал: Тоҷикистон иҷозаи издивоҷ бо хориҷиҳоро ба занон бидиҳад

Кумитаи мубориза бо табъизи нажодии Созмони Миллали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хост, то қонуни хонаводаи ин кишварро ислоҳ кунанд.

Ба гузориши Спутник , Кумитаи мубориза бо табъизи нажодии Созмони Миллал  аз Тоҷикистон хост бо ислоҳи қонуни хонавода ба занони тоҷик иҷозаи издивоҷ бо хориҷиҳоро бидиҳад.

  Бархе коршиносон муътақиданд ин маҳдудиятҳо поймолсозии ҷиддии ҳуқуқи шаҳрвандӣ аз ҷумла маҳдудияти ҳаққи интихоби ҳамсар аст.

Кумитаи мубориза бо табъизи нажодии Созмони Миллал  бо ёдоварии баёнияи Тоҷикистон дар бораи инки ин қонун барои муҳофизат аз занони тоҷик дар баробари қочоқчёни инсон тасвиб шуда аст, таъкид мекунад, ки иқдомоти ҳифозатӣ набояд ҳаргиз ба поймолсозии ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла ҳаққи издивоҷ ва интихоби ҳамсар мунҷар шавад.

 

Барчасп