Август 31, 2017 18:29 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Иди Қурбон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме бо табрики Иди Қурбон аз мардуми ин кишвар хост, то аз фарҳанг ва русуми ин кишвар ҳимоят кунанд.

Ба гузориши манобеи тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии Иди Қурбон, арзишҳои исломиро низ ҷузъе аз фарҳангу одоби русуми мардуми Тоҷикистон донист.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём бо ёдоварӣ аз вазъи қонуни ҷадид дар бораи ҷашну  маросимҳо дар Тоҷикистон, гуфт, “Тағйиру иловаҳои воридшуда ба идҳои динии мо низ дахл дошта, бо харҷи кам гузаронидани рӯзҳои ид ва маросими азодориро пешбинӣ кардаанд. Мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, исроф кардан дар Ислом низ ҷоиз нест ва афроди зиёде бо таҳаммули ҳазинаҳои зиёде, ки тавони пардохти онро надоранд, мақруз мешаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бар ҳифзи сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар таъкид кард ва афзуд, дӯст доштани ватан бар асари имон доштани афрод аст.

Вай дар поён бо баёни ин, ки Худованд дар ин рӯзи муборак истиҷобати дуо ва ниёиши мусулмононро ваъда додааст, дуо кард, сулҳу субот дар Тоҷикистон то абад поянда бошад.

Рӯзи ҷумъа, якуми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон аст.

Бар асоси қонунгузории кишвар ин рӯз истироҳат эълон шудааст, аммо ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, 1 сентябр дар ҳама муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ мебошад.