Нахустин пирӯзии миллипушони футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё- 2019
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон нахустин пирӯзии худро дар даври гуруҳии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё- 2019 ба даст овард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, футболистҳои тоҷик шаби гузашта муваффақ шуданд дар даври гурӯҳии ин мусобиқот ва дар гурӯҳи " f " мизбони худ, дастаи миллии Непалро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст диҳанд.
Дар ин дидор, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Катманду-пойтахти Непал баргузор шуд, голҳои дастаи милли Тоҷикистонро Манучеҳр Ҷалилов ва Дилшод Восеъов ба самар расонданд.
Ҳаким Фузайлов- сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон пеш аз сафар ба кишвари Непал гуфта буд,ки мо барои ба даст овардани пирӯзӣ по ба майдони мизбон хоҳем гузошт.
Дидори баъдии дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё- 2019, даҳуми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.