Сентябр 07, 2017 12:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сомонаи тоҷикистонӣ ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо

Сомонаи мавсум ба “Ҳамсинф” ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар мавриди ҳузури эҳтимолӣ ва суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасти рӯзҳои 11 то 21 –уми сентябри ин созмон дар Варшаваи Лаҳистон ҳушдор дод.

Сомонаи “Ҳамсинф” бо интишори мақолае ба қалами Андрей Пулодов, бо унвони  “Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар остонаи баста шудан” ба ин созмон ҳушдор додааст, ки дар фикри ояндаи ҳузураш дар ин кишвар бошад.

Нависандаи ин матлаб таъкид кардааст, ки Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба далели маҳдуд шудани фаъолияти дафтари намояндагии хеш дар Тоҷикистон акнун бояд паёмҳои сиёсии давлати Душанберо дуруст дарк кунад, ки ояндаи ҳузури ин созмон дар ин ҷумҳурӣ бо хатар рӯбарӯ нашавад.

 Ишораи ин сайт ба низоъ миёни давлати Тоҷикистон ва САҲА бар сари ҳузур ва суханронии теъдоде аз фаъолони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Душанбе дар нишасти ин созмон бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Варшаваи Лаҳистон дар моҳи сентябри соли 2016 аст.

Намояндагони давлати Тоҷикистон дар эътироз ба ҳузури аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои мухолифи давлати Душанбе ин ҳамоишро тарк карда буданд. Баъдан низ мақомоти давлатӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши САҲА бо мавзӯи баррасии масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин замина, ҳифзи озодии баён ва мубориза бо ифротгароӣ дар интернет, ки 23 ва 24-уми майи имсол дар Венаи Австрия баргузор шуд, худдорӣ карданд.

Сипас давлати Тоҷикистон аз аввали июли имсол фаъолияти намояндагии САҲА-ро маҳдуд кард, ки дафтари намояндагии он бо унвони ҷадиди “Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе” фаъолиятро аз сар гирифт.

 Ҳамчунин фаъолияти панҷ дафтари минтақаии ин созмон дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон таътил шуд.