Сентябр 11, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Далели сӯхтгирии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дигар

Ба далели камбуди сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои ду ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” маҷбур мешаванд, ки барои идомаи парвоз дар шаҳрҳо, дар масири кишварҳои хориҷӣ сӯхтгирӣ кунанд, ки замони интиқоли мусофирон ба мақсадро тӯлонтар мекунад.

Ба гузориши сойти “Азия Плюс”, ахиран ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълом кардааст, ки замони сафари мусофирон ба хориҷ аз Тоҷикистон як соат тӯлонитар хоҳад шуд, зеро ду ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”наметавонанд, сӯхти мавриди ниёзи худро аз фурудгоҳҳои ин кишвар дарёфт намоянд.

Ин мушкил аз моҳи майи имсол оғоз шудааст ва мусофироне, ки қасди идомаи парвозро доранд наметавонанд ба мавқеъ ба фурудгоҳҳои транзитӣ бирсанд.

Ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини сӯхти ҳавопаймоҳои мусофирбариро бар ӯҳда дорад, қарзҳои молии ин ширкатҳоро, яке аз авомили бурузи ин буҳрон медонад.

Рамазон Қурбонов яке аз масъулони ин ширкат гуфтааст, дар ҳоли ҳозир қарзи ширкати “Сомон Эйр” бобати пардохт накардани ҳазинаи сӯхт ба беш аз 27 миллион сомонӣ расида ва маблағи қарзи ширкати “Тоҷик Эйр” аз ин низ бештар аст.

Аз сӯи дигар, ин масъули ширкати воҳиди сӯхтрасони Тоҷикистон таъкид мекунад, ки акнун ворид кардани бензини ҳавопаймо аз хориҷ танҳо бо пешпардохт имконпазир аст, аммо қарзи ин ду маҷоли ин муомиларо намедиҳад.

Ба гуфтаи Қурбонов, қаблан ҳар моҳ аз хориҷ ба Тоҷикистон се то севуним ҳазор тон сӯхти ҳавопаймо ворид мешуд, ки акнун ба далели камбуид манобеи молӣ, танҳо ду ҳазор тонн ворид мешавад.