Сентябр 12, 2017 09:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури эҳтимолии 10 хонаводаи тоҷик дар урдӯгоҳи Мавсили Ироқ

Мақомоти амниятии ироқӣ аз ҳузури 1 ҳазору 400 нафар аз аъзои хонаводаҳои бозмондагони нерӯҳои хориҷӣ дар урдӯгоҳе дар наздикии шаҳри Мавсил хабар додаанд, ки гуфта мешавад 10 тан аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва дар набардҳои ахир барои озодии Мавсил ва Талъафар боздошт шудаанд.

Ба гузориши “Рэйтерс”, мақомоти амниятии ироқӣ гуфтаанд, аксари занон ва кӯдакони бозмондаи хонаводаҳои ҷангҷуёни хориҷӣ дар ин урдӯгоҳ атбои Туркия ҳастанд, ки дар миёни онон занон ва кӯдаконе аз Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ низ мушоҳида мешаванд.

Генерал Салоҳ Карим, як мақоми ироқӣ гуфтааст, дар ин урдӯгоҳ шаҳрвандони 13 кишвари хориҷӣ, асосан занон ва кӯдакони хонаводаҳои нерӯҳои узви гурӯҳи террористии ДИИШ нигаҳдорӣ мешаванд.

Милани Мирҳом, сухангӯи Шӯрои ҳукумати Норвегия дар умури паноҳандагон низ эълом кардааст, ки бар асоси иттилооти аввалия аз миёни ин афрод 10 хонаводаи тоҷикистонӣ ҳастанд, ки мушаххас кардани ҳуввияти ин афрод ба замони бештаре ниёз дорад ва танҳо пас аз паймудани ин мароҳил метавон дар бораи теъдоди дақиқи занон ва кӯдакони тоҷикӣ, ки дар ин урдӯгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд, итилоърасонӣ кард.

Аз сӯйи дигар, мушкили аслӣ дар ташхиси ҳуввияти хонаводаҳои бозмондагони нерӯҳои хориҷӣ дар Ироқ ин аст, ки аксари онон ҳеч навъе аснод ва мадраки таъйидкунандаи тобеияти шаҳрвандӣ надоранд.