Сентябр 12, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Медали тиллои Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Экспо - 2017

Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Экспо - 2017 ( EXPO-2017 ) дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин ғурфа дар “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард.

Ба гузориши сомонаи қазоқии “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи Экспо - 2017 Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои ризояти боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Дар намоишгоҳи байналмилалии Экспо - 2017  дар Остона, ки аз 3 моҳ қабл оғоз ба кор кардааст, беш аз 100 кишвар охирин дастовардҳои худро дар бахши “энержии сабз” ё баргаштпазир дар маърази диди боздидкунандагон қарор додаанд.

Дар миёни боздидкунандагони ин намоишгоҳ сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай ва ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки дар ҳошияи иҷлоси ахири худ аз ин намоишгоҳ боздид карданд.

 Хабаргузории “Ховар” пеш аз ин аз боздиди беш аз 60 ҳазор нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Экспо - 2017  дар Остона хабар дода буд.