Сентябр 13, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Насби дурбини мадорбаста дар донишгоҳҳои Тоҷикистон

Бо шурӯи соли таҳсили ҷадид дар бархе аз муассисоти омӯзишӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон дурбинҳои мадорбаста насб шудааст.

Ба гузориши сомонаи “СА News”, донишҷӯёну муаллимони донишгоҳҳои омӯзгорӣ, пизишкӣ ва кишоварзӣ аз ин пас таҳти назорати дурбинҳои амниятӣ қарор хоҳанд гирифт. Раиси Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон дар ин бора гуфтааст, дурбинҳои мадорбаста на танҳо дар вурудиҳои муассисаҳои омӯзишӣ, балки дар тамоми синфхона ва толорҳо насб мешаванд. Носирҷон Салимзода афзудааст, насби дурбинҳои мадорбаста барои касби итминон аз фазои амни донишгоҳ лозим аст.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслӣ аз насби ин дурбинҳо ҷилавгирӣ аз фасоди молӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аст. Бобоҷон Самиев, муовини раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бо ишора ба ин ки то қабл аз насби ин дурбинҳо ришвахорӣ дар синфҳо байни муаллимону донишҷӯён роиҷ буд, роҳандозии ин фанновариро дар коҳиши ин гуна ҷиноёти молӣ муассир хонд.

Ҳамакнун бисёре аз идороти давлатӣ ва масоҷиди Тоҷикистон таҳти пӯшиши дурбинҳои мадорбаста аст.