Сентябр 13, 2017 14:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси БИР дар Душанбе

Раиси Бонки Исломии Рушд дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон аз раванди ҳамкориҳои ин ниҳоди молӣ бо Душанбе, ибрози ризоят кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон,  Эмомалӣ Раҳмон бо Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, раиси Бонки Исломии Рушд, ки барои як сафари 3 рӯза вориди Душанбе шудааст, дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси Бонки Исломии Рушд дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз оғози ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин Бонки исломӣ, беш аз 335 миллион доллар барои иҷрои тарҳҳои муҳимм дар ин кишвар ихтисос дода шудааст, ки аз ин рақам беш аз 173 миллион доллар ҳамакнун барои 7 тарҳ дар заминаҳое,Э монанди омӯзиш ва парвариш, энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коҳиши фақр дар Тоҷикистон ҳазина мешавад.

Иҷрои стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки бо ҳадафи тақвияти иқтисоди Тоҷикистон тасвиб шудааст, аз дигар мавзуоти меҳварии дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Бонки Исломии Рушд буд.

Дар поёни ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои Бонки Исломии Рушд ба хусус «барномаи вижа барои Осиёи Марказӣ, барои солҳои 2016- 2020» хабар дод.