Сентябр 13, 2017 18:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 15 дарсадии қимати барқ дар Тоҷикистон

Қимати барқ дар Тоҷикистон аз аввали октябр 15 дарсад афзоиш меёбад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ширкати “Барқи Тоҷик” эълом кард, ки қимати барқ дар Тоҷикистон аз моҳи октябр 15 дарсад боло хоҳад рафт ва ба 16.85 дирам (беш аз ду сент) барои ҳар як киловатт соат хоҳад расид.

Дар ин иттилоия омадааст, ин афзоиши қимат шомили хонаҳо ва корхонаҳо, ба ҷуз корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО мешавад.

Ширкати “Барқи Тоҷик” афзоиши қимати нерӯи барқро барои шаҳрвандон ночиз эълом карда, афзудааст, қабл аз ин дастур шаҳрвандони Тоҷикистон барои як киловатт чоат 14.65 дирам маблағ пардохт мекарданд, ки акнун ин маблағ ба 16.85 дирам расидааст, яъне қимати барқ барои як киловатт 2.2 дирам боло рафтааст.

Бинобар таъкиди ин манбаъ, тағйироти нархи барқ ба қишри фақир осебе нахоҳад расонд, зеро ин маблағро давлати Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

“Барқи Тоҷик” аз муштариёни худ хостааст, то аввали моҳи октябр қарзҳои худро ба ин ширкат бипардозанд.

Аз аввали октябри соли 2017 ниҳодҳои идорӣ, хадамотӣ ва варзишгоҳҳо барои як киловватт барқи масрафӣ монанди шаҳрвандон 16.85 дирам пардохт хоҳанд кард, аммо корхонаҳо ва марокизи тиҷорӣ бояд барои як киловатт нерӯи барқ 40.99 дирам (муодил чаҳор сент) пардохт кунанд.