Сентябр 17, 2017 20:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ҷумҳурии Туркманистон ва Покистон дар Ашқобод

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба манзури ҳузур дар маросими ифтиттоҳияи панҷумин давраи Бозиҳои осиёии дохили салон ва ҳунарҳои размии “Ашқобод 2017”, ба Ашқобод сафар кардааст, бо ҳамтоёни туркманистонӣ ва покистонии хеш дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамтои туркманистонии вай, раванди феълӣ ва дурнамои равобит ва ҳамкориҳо байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор роҷеъ ба раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар заминаҳои иқтисодӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва гардишгарӣ баҳсу табодули  назар шуд.

Ҳамчунин раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон бар зарурати амалӣ шудани тарҳҳои сохти хатти лӯлаи интиқоли гази Туркманистон ба Чин аз қаламрави Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ва роҳи оҳани минтақаии Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид карданд.

Ҳамчунин дар дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Покистон дар Ашқобод, бар зарурути иҷроӣ шудани тавофуқоти ду кишвар дар заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн дар ин дидор, аз рушди ҳамкории бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Покистон ибрози ризоият карда бар тақвияти фаъолияти шӯрои муштараки бахшҳои хусусии ду кишвар таъкид карданд.

Ду тараф иҷроӣ шудани тарҳи сохти хатти интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба “КАСА-1000”- ро аз муҳиммтарин меҳварҳои ҳамкориҳои ду кишвар унвон карданд.

Аз сӯи дигар дар ин дидор, роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар муборза бо терроризм, ифротгароӣ ва авомил ноамнӣ дар минтақа баҳсу табодули назар шуд.