Сентябр 18, 2017 09:45 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши саҳмияҳои молии нерӯгоҳи Роғун дар хориҷ

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон аз фурӯши муваффақиятомези саҳмияҳои молии неругоҳи дар дасти сохти  Роғун, дар хориҷ аз ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши сайти Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти ин бонк мегӯянд, ки аз маблағи 500 миллион доллар саҳмияи арзашудаи неругоҳи Роғун дар хориҷро, 38 дарсад сармоягузорони амрикоӣ, 35 дарсад аврупоӣ, 24 дарсад бритониёӣ ва 3 дарсад осиёӣ харидорӣ кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, маблағи молии дархостии сармоягузорони хориҷӣ барои хариди саҳмияҳои молии неругоҳи “Роғун”, акнун ба 4 миллиарду 500 ҳазор доллар расида ва мизони суди он низ аз 8 дарсад ба 7,1 дарсад коҳиш ёфтааст. Маросими фурӯши саҳмияҳои молии ин нерӯгоҳ ахиран дар Лондон, Зурих, Ню-Йорк ва Бостон баргузор гардид ва мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо 300 нафар аз намояндагони ширкатҳои бузурги сармоягузории ин кишварҳо гуфтугӯ карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои таъмини молии ҳазинаи сохти нерӯгоҳи Роғун ба маблағи 1 миллиард доллар саҳоми молии ин тарҳро ба фурӯш расонад, ки акнун дар марҳалаи нахуст 500 миллион доллар арза шуд. Дар ҳоле, ки барои такмили сохти ин нерӯгоҳи муҳими Тоҷикистон ниёз ба ҷазби 4 миллиард доллар сармоя вуҷуд дорад. Танҳо барои сохти сади 335 метрии ин неругоҳ, зарурати ҷазби 1 миллиарду 900 миллион доллар манобеи молӣ вуҷуд дорад, ки давлати Тоҷикистон саъй мекунад аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои молии ин тарҳ, ин манобеъро фароҳам созад.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натоиҷи муноқисаи байналмилалии сохти неругоҳи барқи обии Роғун, такмили сохти ин неругоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo” вогузор кард. Ин ширкат мутааҳҳид шуд, ки то поёни соли 2018 ду турбинаи нахусти неругоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Сохти неругоҳи Роғун дар110 километрии шарқи шаҳри Душанбе дар соли 1970 мелодӣ барномарезӣ шуд. Аммо ба далели ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон ҳанӯз такмил нашудааст. Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат/барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.