Воридоти мол ба Тоҷикистон се баробар беш аз содирот
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23353-Воридоти_мол_ба_Тоҷикистон_се_баробар_беш_аз_содирот
Дар ҳашт моҳи нахусти имсол мизони воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон як миллиарду 700 миллион доллар ва содирот 610 миллион доллар эълом шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 21, 2017 09:34 Asia/Dushanbe
  • Воридоти мол ба Тоҷикистон се баробар беш аз содирот

Дар ҳашт моҳи нахусти имсол мизони воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон як миллиарду 700 миллион доллар ва содирот 610 миллион доллар эълом шудааст.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, мизони кулли воридоту содироти ин кишвар дар ҳашт моҳи нахусти имсол ба ду миллиарду 362 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 182 миллион доллар ё 7.2 дарсад камтар аст.

Бо ин ҳол содироти 610 миллион доллар маҳсулот ба хориҷ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 21 миллиондолларӣ ё 3.6 дарсадиро нишон медиҳад.

Дар ин муддат Русия ва Қазоқистон аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон будаанд.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки воридоти бархе аз маҳсулоти тиҷорӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон имсол коҳиш ёфтааст.

Бар асоси ин баррасиҳо, тайи шаш моҳи нахусти имсол мизони воридоти мошин ба Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ба мизони як сеюм (аз се як ҳисса) коҳиш ёфтааст.

Арзиши ин тиҷорат имсол наздик ба 65 миллион доллар эълом шуд, дар ҳоле ки дар давраи мушобеҳи соли қабл ин рақам наздик ба 93 миллион доллар будааст.

Дар шаш моҳи нахусти имсол ба Тоҷикистон се ҳазору 900 адад мошини мухталиф ворид шудааст, ки танҳо 650 дастгоҳ мошинҳои ҷадид ҳастанд ва 50 дарсад тахфифи гумрукӣ доранд.

Аз сӯйи дигар, Бонки Рушди АвруОсиё шохисҳои рушди содиротро барои кишварҳои узви ин ниҳоди молии минтақаӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол ба мизони 1.3 дарсад то 1.6 дарсад рӯ ба афзоиш эълом кардааст.