Сентябр 23, 2017 11:09 Asia/Dushanbe
  • Садди нерӯгоҳи Фарҳод монеи ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Бо вуҷуди таъкиди раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар мавриди азми ҷиддии ин кишвар барои густариши равобит бо 4 кишвари ҳамсояи Тошканд дар Осиёи Марказӣ ва хушбинии мақомоти Душанбе дар ин замина, ҳанӯз ҳам ихтилофоти марзии ин ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон бар сари садди нерӯгоҳи Фарҳод дар вилояти Суғд ҳал нашуда боқӣ мемонад.

Ба гузориши “Азия пюс”, Шавкат Мирзиёев ахиран тайи суханоне дар ҳафтоду дувумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк беҳбуди равобиту густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказиро аз авлавияти сиёсати хориҷии давлати Тошканд унвон кард.

Тоҷикистону Ӯзбакистон дорои 1 ҳазору 332 километр марзи муштарак мебошанд, ки танҳо 60 километр аз ин марз дар қаламрави вилояти Суғд ҳанӯз ҳам аломатгузорӣ нашудааст ва вуҷуди нерӯгоҳ ва обанбори Фарҳод ва садди он шомили манотиқи мавриди ихтилофи Душанбеву Тошканд мешавад. Зеро нерӯгоҳи ёдшуда дар қаламрави Ӯзбакистон ва садди он дар дохили хоки Тоҷикистон воқеъ шудааст, ки бояд ду тараф бар сари ин минтақаи марзӣ ба тавофуқ барисанд.

Тоҷикистон муътақид аст, ки ин минтақа дар даврони Шӯравӣ ба муддати 40 сол ба Ӯзбакистон ба иҷора дода шуд, ки бо поёни ин муддат Душанбе иқдом ба бозгардонидани он кард. Аммо Ӯзбакистон муддаӣ аст, ки ин минтақа бо мувофиқати Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ ба ҷониби Тошканд вогузор шуда, ки албатта ҳеч санади муътабаре дар ин маврид ироа нашудааст.

Аз сӯйи дигар, вуҷуди садди нерӯгоҳи Фарҳод дар дохили қаламрави Тоҷикистон заминаи таъмини оби мавриди ниёзи ду ноҳияи Мастчоҳу Зафаробод дар вилояти Суғдро фароҳам месозад ва рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон аз канори он бо осонӣ анҷом мегирад, ки дар сурати замима шудани ин минтақа ба хоки кишвари ҳамсоя амалан иртибот миёни ду бахш аз қаламрави Тоҷикистон қатъ мегардад.