Сентябр 24, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Қатъи 24 соатаи об дар шаҳри Душанбе

Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон эълом кардааст, ки ба манзури таъмир ва омодасозии хутути интиқоли оби ошомидании ин шаҳр дар ноҳияҳои чаҳоргонаи шаҳри Душанбе ба навбат, ба муддати 24 соат интиқоли оби ошомиданӣ дар моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ қатъ мегардад.

     Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии шаҳрдории Душанбе, аз соати 23:00 шаби 18 октябри соли ҷорӣ то соати 24:00 шаби 19 октябр интиқоли об ба маҳаллаҳои ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон қатъ мегардад.

   Ҳамчунин аз соати 23:00 шаби 28 сентябр то соати 24:00 шаби 28 сентябри соли ҷорӣ интиқоли об ба сокинони маҳаллаҳои тобеи ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва бахшҳое аз қаламрави ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ қатъ мегардад. Бар асоси ин гузориш, интиқоли об барои сокинони бахшҳое аз маҳаллаҳои тобеи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз соати 23:00 шаби 4 октябр то соати 24:00 шаби 5 октябри соли ҷорӣ қатъ хоҳад шуд.

   Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки барои сокинони бахше аз маҳаллаҳои тобеи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ аз соати 23:00 шаби 11 октябри соли ҷорӣ то соати 24:00 шаби 12 октябр қатъ хоҳад шуд. Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон аз сокинони шаҳри Душанбе дархост кардааст, ки бар асоси ҷадвали эълом шуда, барои 24 соат аз қабл оби мавриди ниёзи худро захира кунанд.