Август 15, 2016 17:27 Asia/Dushanbe
  • Музаффар Абдиев: 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун анҷом шудааст

Масъулони нерӯгоҳи Роғун эълом кардаанд, ки қарор аст дар навбати аввал чархаҳои 5 ва 6-и неругоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

Музаффар Абдиев, мудири раёсати қабули корҳои ба анҷомрасидаи неругоҳ дар як суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Роғун гуфтааст, феълан наздики 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ анҷом шудааст. Ба гуфтаи вай, феълан дар сохтмони неругоҳи Роғун 67 ширкат фаъолият мекунанд, ки 53-тои он ширкатҳои ватанӣ ҳастанд. Бино ба иттилои оқои Абдиев дар ҳоли ҳозир дар неругоҳ беш аз 13 ҳазор нафар кор мекунад ва қарор аст теъдоди коргарон дар ин неругоҳ то 20 ҳазор нафар афзойиш ёбад.

Пеш аз ин ширкати итолиёии Салинӣ империҷило эълом карда буд, ки тасмим дорад ду агрегати неругоҳи Роғунро то соли 2018 мелоди ба кор андозад.Музаффар Абдиев дар ин робита гуфтааст, ки тибқи нақша қарор аст, нахуст чархаҳои 5 ва 6-и нуругоҳ ба далели наздикии ин агрегатҳо ба таҷҳизот  ва масрафи ками маблағ фаъол шаванд.

Коршиносони тоҷик низ дар мавриди бунёди ҳар чи зудтари неругоҳи Роғун иштироки назар доранд ва муътақиданд, ки бо баҳрабардории аз ин неругоҳ гиреҳи печидаи иқтисоди кишвар боз хоҳад шуд.

Саъдии Ворис мегуяд, ки бо анҷоми мусбати арзёбиҳои байналмилали дар бораи сохтмони Роғун давлати Тоҷикистон аз ҳимояти байналмилалӣ бархудор шудааст ва бояд тамоми неруи худро сарфи ҷалби сармоя ҷиҳати сохти ин неругоҳи азим кунад.

Дар ҳамин ҳол Анатолий Колесниченко як муҳандиси рус, ки собиқаи корӣ дар неругоҳҳои Норак ва Роғунро дорад, гуфтааст, ки агар ширкати салини империҷило то поёни соли 2016 саргаҳи дарёи Вахшро масдуд накунад дар он сурат баҳрабардорӣ аз ду агрегати ин неругоҳ то соли 2018 баъид ба назар мерасад. Ба гуфтаи Колесниченко корфармо бояд тартиби ташкили корро то 30 сентябри соли ҷорӣ мушаххас намояд.

Гуфтанист 1июли соли равон Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA)-и Итолиё созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард доллар гуфта мешавад.

Роғун яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии минтақа ба ҳисоб меравад, ки дар сурати фаъолияти пурра метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад.