Сентябр 25, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Баррасии салоҳияти кормандони идороти танзими маросим дар Тоҷикистон

Кумитаи дини Тоҷикистон салоҳияти кормандони ин ниҳодро, ки масъули назорат бар иҷрои Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар ин кишвар ҳастанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, далели ин иқдом афзоиши шикоёти мардум аз кормандони ин ниҳод аст.

Вай таъкид кардааст, ки ҳадафи баррасии салоҳияти кормандони ниҳоди давлатии умури динии ин кишвар поксозии сохтори ин ниҳод аз афроде аст, ки худ Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимро ба дурустӣ намедонанд ва ин мавзӯъ боиси сӯиистифодаи бархе аз онон аз ин қонун ва фасоди молӣ мешавад.

Ба гуфтаи оқои Муқим, бархе шаҳрвандон ба ҷойи гирифтани муҷаввизи қонун барои баргузории ҷашну маросим ва пардохти маблағ ба будҷаи давлат, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба кормандони ниҳоди назорат бар иҷрои Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ришва диҳанд.

Абдулқодири Рустам, коршиноси тоҷик низ муътақид аст, ки эҷоди маҳдудият дар ҷомеа назири иҷрои Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон роҳи фасодро боз мекунад, зеро ин қонун ворид шудан ба ҳарими хусусии мардум аст ва набояд дар шакли феълӣ тасвиб мешуд.

Ин коршинос меафзояд, тасвиб ва иҷрои ин қонун дар мавориде боис шудааст, ки муҷриёни он барои пур кардани ҷайби хеш бо тарсонидани мардум ба баҳонаи нақзи ин қонун сӯиистифода кунанд.

Дар қонуни тозаислоҳ ва тасвибшудаи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон барои қонунвайронкунандагон пардохти ҷаримаҳои сангини молӣ дар назар аст.

Оморҳои расмӣ нишон медиҳад, ки тайи 10 соли ахир, ки ин қонун дар кишвар амалӣ шудааст, аз ҳисоби коҳиши ҳазинаи ҷашну маросим, мардум 18 миллиард сомонӣ сарфаҷӯӣ кардаанд.