Сентябр 25, 2017 11:04 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба мусалмонони овораи Миёнмор

Раиси Сандуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо ҳузур дар яке аз урдугоҳҳои мусалмонони овораи миёнморӣ дар Бангладеш, кӯмакҳои ин сандуқро ба беш аз 700 хонавода таҳвил дод.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Парвиз Иброҳимов, ки чаҳор рӯз аст дар Бангладеш ҳузур дорад, гуфтааст, кӯмакҳои Сандуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русияро ба 700 хонаводаи мусалмонони овораи миёнморӣ ироа карда ва имрӯз –душанбе, 25-уми сентябр низ ба 700 хонаводаи дигар кӯмак хоҳад расонд.

Вай таъкид кардааст, ки қасд дорад ба урдугоҳҳои дурдасти мусалмонони овораи миёнморӣ дар Бангладеш сафар кунад то битавонад кӯмакҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русияро ба онон таҳвил диҳад.

 Ба гуфтаи Парвиз Иброҳимов, ин кӯмакҳо шомили маводи ғизоӣ, чодар, курпа ва дорӯ аст ва ба бархе аз оворагони мусалмони миёнморӣ низ ваҷҳи нақд пардохт шуда то худ маҳсулоти мавриди ниёзи хешро харидорӣ намоянд.

Иброҳимов гуфтааст, ки аз ду ҳафта қабл бо боз кардани шумораҳисоби вижа дар Бонки амонатгузории Русия аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонии муқими ин кишвар даъват карда, ки ба бародарони мусалмони миёнмории хеш, ки ба далели ҳамалоти ваҳшиёнаи артиш ва буддоиёни ифротии миёнморӣ овора шудаанд, кӯмак кунанд ва ин фарохон бо истиқболи тоҷикистониёни муқими Русия рӯбарӯ шудааст.

Раиси Сандуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо маҳкум кардани иқдомоти артиш ва буддоиёни ифротии миёнморӣ алайҳи мусалмонони Руҳингиё мегӯяд, дар оянда низ ба ин афрод кӯмакҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистониро хоҳад расонд.