Сентябр 26, 2017 10:54 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи 5 табааи Тоҷикистон дар додгоҳи Маскав

Додгоҳе дар Маскав муҳокимаи 5 шаҳрванди тоҷикистониро ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии хунини гӯристони Хованское дар моҳи майи соли 2016 оғоз кард.

Ба нақл аз Ка-Ниюз, мақомоти додситонии пойтахти Русия мегӯянд, ки як тарафи даргирии хунини моҳи майи соли 2016 дар гӯристони Хованское, коргарони тоҷики шоғил дар ин макон буданд ва иллати ин ҳодиса низ талоши гурӯҳҳои мафияӣ барои ихроҷи тоҷикон аз ин гӯристон будааст .

Гузоришҳо ҳокист, дар ҳодисаи гӯристони Хованское беш аз 300 нафар даргир буданд,  се коргари муҳоҷири тоҷик кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд .

Қаблан мақомоти додситонии пойтахти Русия, алайҳи 16 нафар аз афроди муттаҳам дар ин даргириҳо аз ҷумла Юрий Чубаев, мудири вақти гӯристони Хованское ба унвони созмондиҳандаи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ташкил дода ва ба додгоҳ ирсол карда буданд .

Дар паи ин даргирии хунин, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти интизомии Русия хоста буд, ки омилони қатли коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин даргирӣ шиносоӣ ва муҷозот шаванд ва ин ҳодиса мунсифона баррасӣ шавад .

 

Барчасп